Дар ин намоҳанг сарояндаи маъруфи тоҷик, ки аксаран бо либоси аз атлас омодашуда ба саҳна мебарояд, бо пироҳан аз коллексияи тарроҳи номдори тоҷик, Хуршед Сатторов, ки аз матои чакан омода шудааст, ҳунарнамоӣ мекунад.
Нигина Амонқулова миёни мардуми тоҷик бо тарзи либоспӯшиаш, ки аксаран бо истифода аз матои миллӣ-атлас омода мешавад, эҳтироми хосса дорад.
Оҳанги суруди "Ёди ту"-ро Тобиш Ҳилолӣ навиштааст.
Намоҳанги нави Нигина Амонқулова рӯзи 15 май дар шабакаи Youtube нашр шуда, то ин замон онро беш аз 117 ҳазор кас тамошо кардааст. Ин намоҳанг аз ҷониби "AZIM Production" омода шудааст.
Моҳи сентябри соли 2018, "Azim Production" суруд ва намоҳанги Нигина Амонқуловаро таҳти унвони "Дилнома" нашр карда буд, ки аз ҷониби ҳаводори ин бонуи ҳунар хуш пазируфта шуд.