Фармони Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати наваскарони таваллудашон 1993-2002

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ оғоз гардад

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси дастури президент, моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват карда шаванд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
“Духтарҳоро ҳам барем ба аскарӣ?” Баҳси “облава” бо раиси Кумитаи ҷавонон

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

“Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазифардор гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҷамъомад бахшида 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хостори ироаи сабукӣ ба хидматкардаҳо дар артиш ҳангоми қабул ба кору таҳсил шуда, таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Раҳмон дастур дод, ки зимни қабул ба вазифаҳои масъули давлатӣ, адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи довталабон ба назар гирифта шавад.

"Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0