Мақомоти Покистон хостори истирдоди Навоз Шариф аз Бритониё шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонк Премьер-министр Пакистана Наваз Шариф
 Премьер-министр Пакистана Наваз Шариф  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлати Покистон бозгашти фаврии Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишвар аз Бритониёро барои итмоми муддати муҷозоти ҳабс хостор шуд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Давлати Покистон эълом кард, илова бар Навоз Шариф хостори бозгашти Шаҳбоз Шариф бародари вай ва раиси ҷиноҳи мухолиф дар маҷлиси Покистонро низ дар дастури кор қарор додааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Покистон мехоҳад созишномаи тарҳи CASA - 1000 - ро ислоҳ кунад

Хонум Фирдавс Ошиқ Аъвон, дастёри вижаи Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар умури иттилорасонӣ ба хабарнигорон гуфт, ин кишвар дар ояндаи наздик барои истирдоди  Муҳаммаднавоз Шариф ва бародар вай ва раиси ҳизби Муслим Лиги шохаи Навоз бо мақомоти бритониёӣ мукотиба хоҳад кард.

Додгоҳи олии Покистон, январи 2017 Навоз Шарифро ба иттиҳоми фасоди молӣ аз симмати нахуствазирӣ барканор кард.

Дар ҳоли ҳозир Навоз Шариф ба баҳонаи дармони беморӣ дар Лондон ба сар мебарад ва Шаҳбоз Шариф бародари вай низ дар Бритониё аст.

Навоз Шариф декабри 2018 ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд, аммо ба далели вахомати ҳолаш роҳии Бритониё шуд.

Лентаи хабарҳо
0