Ду бозии санҷишии яккачини наврасони Тоҷикистон бо мунтахаби Ҳиндустон

© ФФТЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16)
ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби наврасони 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагиҳояш барои бозии финалии мусобиқоти Осиё-2020 ду бозии дӯстона дар Душанбе доир мекунад

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии дӯстона мунтахаби кишвар бо яккачини наврасони Ҳиндустон доир хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Аргентина

Ба иттилои манбаъ, ду бозии дӯстонаи дастпарварони Аҳлиддин Турдиев санаи 13 ва 15-уми март бо ҳамсолонаҳш аз Ҳиндустон доир мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқоти Осиё-2020 ширкат мекунад, ки он аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн доир мегардад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” охирин маротиба барои рақобатҳо дар мавсими омодагиҳояшро дар Анталияи Туркия ба анҷом расида буд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мунтахаби наврасони тоҷик дар шаҳри Анталия 4 бозии дӯстона анҷом дода, бар бозигарони тими Олмон пирӯз шуданд.

Лентаи хабарҳо
0