ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Футболбозони навраси Тоҷикистон пас аз тими Испания мағлуб шудан, имрӯз ба омодагӣ барои бозии навбатии худ шурӯъ намуданд. Мунтахаби наврасони тоҷик дар даври сеюми гурӯҳи "Е" бо дастаи ҷавонони Аргентина вориди майдон мешаванд.
Аз ин рӯ, субҳи имрӯз футболбозони тоҷик барои барпо кардани тамрини навбатӣ ба майдони "Кампо да Эстива"-и Витория ҷамъ шуданд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Ба фарқ аз се машқи қаблии барқароршавӣ футболбозон умуман дар ҷараёни тамрини имрӯза бо тӯб кор накарданд.
Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания бо ҳисоби калони 5:1
Қатъи назар аз натиҷаи бозӣ бо Испания ҳоло барои наврасони Тоҷикистон имкони баромадан аз гурӯҳ ба даври ҳазфӣ ҳаст. Пас аз ҷамъбасти бозиҳои даври сеюми гурӯҳӣ номи ҳамаи 16 тими ба марҳилаи ҳазфӣ мебаромада муайян мешавад.
Бояд гуфт, ки пас аз ду даври мусобиқа дар гурӯҳи "Е", мунтахабҳои наврасони Испания ва Аргентина, ки ҳар кадоме 4 имтиёзӣ доранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бошад, барои ба бозиҳои плей-оффи мусобиқа баромадан дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ муқобили Аргентина мусовӣ ҳам қаноат мекунонад.
Довари бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Испания муайян шуд
Ин вохӯрӣ рӯзи якшанбе, 3 ноябр, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 01:00-и санаи 4-уми ноябр ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade" дар шаҳри Кариасики Бразилия оғоз меёбад.