Ба зону зад: узрхоҳии раҳбари мазҳабӣ аз мардум барои паҳнкунии коронавирус - навор

© Aaron FavilaВспышка коронавируса в Китае
Вспышка коронавируса в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пайравони мазҳаби масеҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ аснои баргузор кардани як маросим аз ҳамдигар ба маризии коронавирус сироят шуданд. Зимнан, ин бемориро дар тамоми шаҳри Тэгу паҳн карданд

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Роҳбари мазҳаби масеҳии Кореяи Ҷанубӣ Ли Ман Хи барои тасодуфан паҳн кардани маризии коронавирус, аз мардум пӯзиш пурсид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, пас аз паҳн шудани маризии коронавирус дар шаҳри Тэгу, роҳбари мазҳабӣ бо мардум нишасти хабарӣ баргузор намуд ва дар пеши омма пӯзиш пурсид.

"Ман расман узр мепурсам ва бисёр муттасифам. Ҷамъияти мо бо ҳукумат ҳамкории зич дорад ва мо барои пешгирӣ аз ин маризӣ ҳама корро анҷом хоҳем дод. Феълан баргузории ҳама чорабиниҳои мазҳабиро манъ намудем", - изҳор намудаст Ли Ман Хи.

Бояд гуфт, хуруҷи маризии коронавирус дар Ҷумҳурии Корея аз шаҳри Тэгу оғоз ёфт. Пайравони мазҳаби масеҳӣ дар ин шаҳр замни баргузор кардани як маросими мазҳабӣ аз ҳамдигар сироят шуданд. Зимнан, дардмандони ин бемориро дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карданд.

Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз маризии коронавирусро гуфтанд

Муайян гардидаст, ки моҳи январ пайравони ин мазҳаб ба шаҳри Ухан сафар намуда, олудаи вируси корон шуда ба зодгоҳи худ баргаштанд.

Алъон дар Кореяи Ҷанубӣ, 2418 ҳолати сироятёбӣ ба маризии коронавирус миёни пайравони ин мазҳаб сабт гардидааст. Танҳо дар шаҳри Тэгу 3600 нафар дардмандӣ ин маризӣ мебошанд.

"Вирус дар Чин нобуд мешавад": пизишкон зидди "корона" ваксина ёфтанд

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2 - юми март, ҳукумати Сеул алайҳи 12 роҳбари ҷамъиятҳои мазҳабӣ ,ба гумони паҳнкунии маризии коронавирус ба додгоҳ шикоят бурдаанд.

Лентаи хабарҳо
0