Навори Манижа ва Валерия ба сегонаи сертамошобини ҷаҳон шомил шуд-видео

© The Voice Kids Russia/Голос ДетиВалерия Базыкина из Балашихи и Манижа АминоваВалерия Базыкина и Манижа Аминова
Валерия Базыкина и Манижа Аминова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарнамоии Манижа Аминова, навраси тоҷик аз вилояти Смоленск, ки ҳамроҳи Валерия Базикина дар барномаи охири “Голос.Дети”-и шабакаи 1-и телевизиони Русия доваронро тасхир кард, ба сегонаи сертамошобин дар радабандии ҷаҳонӣ шомил шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Манижа ва Валерия нахуст суруди “Трава у дома”-и гуруҳи “Земляне”-ро иҷро намуда, сипас бо дархости доварон суруди "Dancing Queen"-и гуруҳи АВВА-ро иҷро намуданд.

Манижа  Аминова, овозхони навраси тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Манижа, ки доварони "Голос. Дети" дар шабакаи 1-и Русияро тасхир кард, кист? -видео

Озмуни The Voice Kids, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронда мешавад, натиҷаҳои моҳи февралро дар ҷаҳон радабандӣ карда, ҳунарнамоии Манижа ва Валерияро ба сегонаи пешсаф шомил намудааст. Дар маҷмуъ дар ин радабандӣ 10 навори сертамошобинтарини кӯдакону наврасон дар ҷаҳон тайи моҳи феврал ҷамъоварӣ шудааст. Аз барномаи "Голос.Дети" инчунин навори Таисия Скоморохова, ки суруди "Goomba Boomba"-ро иҷро кард, ба даҳгонаи беҳтаринҳо дар ҷаҳон тайи моҳи феврал ворид гардидааст.

Навори ҳунарнамоии Манижа ва Валерия тайи ҳамагӣ чанд рӯзи нашр дар Ютуб беш аз 2,5 миллион тамошобин ҷамъ оварда буд, ки масдуд шуд.  Дар шарҳи масдудсозӣ омадааст, ки навор бо даъвои ширкати “Креатив Медиа” ба далели нақзи ҳуқуқҳои муаллифӣ аз Ютуб пок карда шудааст.

Скандал на Голос. Дети - Sputnik Тоҷикистон
Видеои Манижа ва Валерия "блок" шуд: моҷарои нав дар "Голос дети"- навор

Рӯзноманигорони шабакаи телевизионии “360” муайян кардаанд, ки масдудсозӣ бо даъвои оҳангсоз Эдуард Артемев сурат гирифтааст, ки дар оғози ҳунарнамоӣ зимни бандубасту навохтан дар пианино қисмате аз оҳангаш истифода гардидааст.

Ӯ гуфтаст, тасодуфан наворро диду оҳангашро шинохт ва аз ин ҳолат ба хашм омад.

“Оташин шудам, ки оҳангро медузданд. Чунин ҳолат бо ман хеле зиёд рух медиҳад ва дигари тоби тоқати онро надорам. Бигузор барои корашон ҷавоб диҳанд. Ба ман пул даркор нест”, - изҳор доштааст Артемев.

Ӯ изҳор доштааст, ки аз даъвояш намегардад ва ба иттилои шабакаи "360" агар навор дар саҳифаҳои расмии “Голос.Дети” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гардад, дар шакли таҳриршуда хоҳад буд.  

Лентаи хабарҳо
0