Видеои Манижа ва Валерия "блок" шуд: моҷарои нав дар "Голос дети"- навор

Обуна шудан
Навори ҳунарнамоии Манижа Аминова, овозхони навраси тоҷик ва дугонааш Валерия Базикина, ки сертамошобинтарин дар мавсими имсолаи “Голос.Дети” шуд, дар YouTube блок ё худ масдуд гардид

Манижа ва Валерия суруди “Трава у дома”, -и гуруҳи “Земляне”-ро иҷро карданд, ки тайи ҳамагӣ чанд рӯзи нашр дар Ютуб беш аз 2,5 миллион тамошобин ҷамъ овард.  Дар шарҳи масдудсозӣ омадааст, ки навор бо даъвои ширкати “Креатив Медиа” ба далели нақзи ҳуқуқҳои муаллифӣ аз Ютуб пок карда шудааст.

Манижа  Аминова, овозхони навраси тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Манижа, ки доварони "Голос. Дети" дар шабакаи 1-и Русияро тасхир кард, кист? -видео

Шабакаи телевизионии “360” далели пок кардани навори Манижа ва Валерияро аз саҳифаи “Голос.Дети”-и шабакаи аввали телевизиони Русия таҳқиқ кардааст.

Сергей Скачков, овозхони гуруҳи “Земляне”, даст доштанаш дар масдудсозии навори Манижа ва Валерияро рад карда, таъкид намудаст, ки аз ин ҳунарнамоӣ хушаш омадасту навори онро низ дар саҳифаҳояш бознашр намуда буд.

Марина Мигуля, ҳамсари оҳангсоз, Владимир Мигуля, ки оҳанги ин сурудро эҷод карда буд, дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки ҳунарнамоии Манижа ва Валерияро писандиду ҳеч шикояте алайҳи он накардааст. Ӯ изҳори хурсандӣ кардааст, ки оҳангҳои шавҳараш садо медиҳанду таъкид намудааст, ки шабакаҳои телевизионӣ бояд ба риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ таваҷҷуҳи бештар диҳанд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Сергей Скачков мегӯяд, масдудсозӣ инчунин метавонад ба бандубаст рабт дошта бошад, ки дар оғоз оҳанг каме тағйир дода шудааст.

Сабаби масдудсозии сертамошобинтарин навори "Голос.Дети-7" маълум шуд

Муайян карда шуд, ки масдудсозӣ бо даъвои оҳангсоз Эдуард Артемев сурат гирифтааст, ки дар оғози ҳунарнамоӣ зимни бандубасту навохтан дар пианино қисмате аз оҳангаш истифода гардидааст.

Ӯ гуфт, тасодуфан наворро диду оҳангашро шинохт ва аз ин ҳолат ба хашм омад.

“Оташин шудам, ки оҳангро медузданд. Чунин ҳолат бо ман хеле зиёд рух медиҳад ва дигари тоби тоқати онро надорам. Бигузор барои корашон ҷавоб диҳанд. Ба ман пул даркор нест”, - изҳор доштааст Артемев.

Ӯ изҳор доштааст, ки аз даъвояш намегардад ва ба иттилои шабакаи "360" агар навор дар саҳифаҳои расмии “Голос.Дети” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гардад, дар шакли таҳриршуда хоҳад буд.  

Манижа Аминова дар саҳифааш дар Инстаграм то ҳол шарҳе дар ин бора нашр накардааст.

Валерия Базикина бошад, дар саҳифааш изҳор доштааст, ки навори ҳунарнамоияшон дар сомонаи шабакаи аввали телевизиони Русия дастрас аст.

Шабакаи аввали телевизиони Русия то ҳол ин моҷароро шарҳ надодааст. Ин дар ҳолест, ки дар мавсими гузаштаи "Голос.Дети" хариди овозҳо барои пирӯзии духтари Алсу, овозхон аз хонаводаи афроди дорои Русия боиси сарусадои зиёд гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0