Баъди шикасти "Равшан": “Кӯктош” бори аввал Ҷоми Федератсияи футболро соҳиб шуд

© fft.tj«Куктош» в своей истории впервые выиграл Кубок Федерации футбола Таджикистана
«Куктош»  в своей истории впервые выиграл Кубок Федерации футбола Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ  баъди шиксти “Равшан”-и Кӯлоб бори нахуст дар таърихи ҳастияш Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 2  мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври финалӣ барои дарёфти Ҷоми ФФТ рӯзи гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашт.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон барои дастаҳои футболи “Равшан” ва “Ҳосилот” 400 ҳазор сомонӣ дод

Ба иттилои манбаъ, тими “Кӯктош” бо ҳисоби 2:1 дастаи “Равшан”-ро шикаст дода, соҳиби ҷом гашт.

Гуфта мешавад, бозии финалии Ҷоми Федератсия-2020 бо ҳузури беш аз панҷ ҳазор тамошобин доир гашт.

Ду голи тими “Кӯктош”-ро Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба нишон расонида, ягона голи “Равшан”-ро Далер Шомуродов ба ҳадаф расонид.

Тими  “Душанбе-83” дастаи КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, медали  биринҷии Ҷоми ФФТ-ро соҳиб гашт.

Тибқи иттилои ФФТ, Муҳиддин Одилов, легионери дастаи “Кӯктош” аз Ӯзбекистон беҳтарин бозигари дидори финалӣ эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0