Раиси вилояти Хатлон барои дастаҳои футболи “Равшан” ва “Ҳосилот” 400 ҳазор сомонӣ дод

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои рушди соҳаи футбол мақомоти вилояти Хатло ба ду дастаи футболи Равшан” ва “Ҳосилот” 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Қарори Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон дар бораи ҷудо намудани 400 ҳазор сомонӣ барои ду дастаи футболи вилоят “Равшан” ва “Ҳосилот” ба имзо расидааст.

Футбол. РФПЛ. Матч Локомотив - Терек - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.

Тавсифи Шайх Аҳмад аз занони футболбози тоҷик: бо Рустами Эмомалӣ баъзе нақшаҳо дорем

Бино бар иттилои манбаъ, бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон барои рушди соҳаи футбол дар вилоят ба дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб 300 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин бора қарори раиси вилоят ба тасвиб расид, ва ин иқдом ба рушди дастаҳои футбол дар вилоят мусоидат хоҳад кард.

Муҷозоти футболбози дастаи “Ҳосилот” барои лату кӯби довар

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 17 майи соли равон Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон, ба ҳайси раиси Федератсияи фудболи вилояти Хатлон интихоб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0