Сатторов: барои ҷавонон иштирок дар интихобот ин як дарси демократия аст

© SputnikПосол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов
Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов иштироки фаъолонаи ҷавонон дар интихоботи парлумониро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Имомуддин Cатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз ҷавонони кишвар дар интихоботи пардумонӣ фаъолона иштирок доранд.

Ба гуфтаи вай, имрӯз дар маъракаи раъйдиҳӣ на танҳо ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик балки садҳо нафар донишҷӯёну аспирантҳои тоҷик иштирок доранд.

Тоҷикистониён барои раъйдиҳӣ ба назди бинои сафорат бо парчами миллӣ омада буданд - Sputnik Тоҷикистон
Навбатҳои тӯлонӣ: аҳамияти муҳоҷирони тоҷик ба интихоботӣ парлумонӣ - аксҳо

Имомуддин Сатторов зикр кард, ки дар маъракаи раъйдиҳии имрӯза ҷавонони зиёде иштирок доранд.

“Ба назари ман ин маърака барои онҳо як дарси демократия ҳаст. Ҷавонон бо омадан ба сафорат ва ва раъй додан ба ин ё он вакил, саҳми гузоштаи худро дар ҷараёнҳои сиёсии кишвар дарк мекунанд”, таъкид дошт сафир.

Инчунин Сатторов гуфт, ки корфармоёни Русия барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам оварданд ва ҳатто онҳоро бо нақлиёт таъмин намуданд, то онҳо тавонанд дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон,  шаҳрвандони берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар Русия теъдоди тоҷикистониён ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Қаблан КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0