Миёни раъйдиҳандагон натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ балки донишҷуён, донишмандон ва зиёини тоҷики муқими Маскав низ ширкат доштанд.
Субҳи соати 08:00 дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав навбати дурударозе саф кашида буд. Баъзеҳо барои овоз додан дар баробари шиноснома бо худ парчами миллӣ оварда буданд.
Кормандони сафорати Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки раванди овоздиҳиро ба ҳадде барои овоздиҳандагон озоду осон ба роҳ монанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мо омода ҳастем, ки тамоми овоздиҳандагонро бипазирем, дарҳои сафорат то соати 20.00 кушода аст ва ҳеҷ мушкилие барои овоздиҳӣ вуҷуд надорад.
Вай афзуд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба роҳат ба бинои сафорат биёяд ва ба номзад ва ҳизби дилхоҳи худ овоз диҳад.
Ёдрас мешавем, ки Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа фаъол мебошанд.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаҳрвандони берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.
Дар Русия теъдоди тоҷикистониён ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Қаблан КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.


















