Ӯзбекистон парвози ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" - ро самти Сеул масдуд кард

Самолет Uzbekistan Airways
Самолет Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ӯзбекистон ба хотири пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус, парвози ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" - ро самти Сеул масдуд намуд

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон "Uzbekistan Airways" эълом намудаст. ки сар аз 1 - уми марти соли ҷорӣ, ба парвозҳо самти Сеул муваққатан нуқта мегузорад.

Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Сомон Эйр” ба хотири “Вируси тоҷдор” парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

"Uzbekistan Airways" тасмимӣ манъи павозҳо самти Сеулро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус рабт додааст.

"Ширкати мазкур эълон намудааст, мусофироне, ки имрӯз тариқи ҳавопаймо аз Сеул вориди кишвар мешаванд, дар марказҳои нигаҳдории муваққатӣ ҷой дода хоҳанд шуд. Роҳбари ширкат аз сокинон хоҳиш намудааст, ки ба фурӯдгоҳ ба хотири пешвози пайвандони худ набиёянд".

Тоҷикистону Ҳинд мехоҳанд парвозҳои мустақимро дубора барқарор намоянд

Дар Ӯзбекистон феълан ягон мавриди гирифторӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт нагардидааст. Шаҳрвандони ин кишвар, ки моҳи январ аз Чин ба ватан интиқол дода шуданд, фавран ба карантин фиристода шуданд ва чун дар онҳо аломатҳои ин маризӣ зоҳир нашуд, онҳоро ҷавоб доданд.

Аммо расонаҳои давлатии Ӯзбекистон менависанд, ба карантин ҳоло як узбекистонӣ фаро гирифта шудааст, ки ба эҳтимоли зиёд гирифтори маризии коронавирус аст.

Лентаи хабарҳо
0