Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ: 177 хориҷӣ дар карантинанд

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба Тоҷикистон имрӯз таҳти раёсати муовини сарвазир, Ширин Исматуллозода баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ширин Исматуллозода дар оғози ҷаласа ёдовар шуд, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар  Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, хабар дод “Ховар”.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Ҳукумат: чораҳо алайҳи коронавирус дар масоҷид, бозор, тӯйҳою ҷойҳои серодам

Ӯ афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ташкил шудааст.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон охирин омори Созмони ҷаҳонии тандурустиро ироа намуд.

Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти расмии ТУТ то нимаи дуюми имрӯз, 29 феврал дар умум, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон  85 184 ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2924 нафар фавтидаанд.

“Аз ҷониби ТУТ вазъи сирояти коронавирус расман 30 январи соли равон «ҳолати фавқулода» эълон гардида, айни ҳол ҳамчун хурӯҷи неруи пандемияро доробуда арзёбӣ гардидааст. Ба ҳолати субҳи 29 феврали соли 2020  ҳамагӣ 1331 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои осебпазир ба ҷумҳурии мо ворид гардидаанд, ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки  аз ин 1052 нафар муҳлати  карантинро ба итмом расонида, рухсат шудаанд”, - изҳор дошт ноиби вазир.

Ӯ афзуд, ки айни ҳол 279 нафар дар муассисаҳои табобатии мамлакат дар ҳолати карантин қарор доранд.

“Аз шумораи умумии воридшуда 177 нафарашон шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Эрон ва Афғонистон мебошанд”,- гуфт  Мирҳамуддин Камолзода.

Дар фарҷоми ҷаласа Ширин Исматуллозода руйхати вазорату кумитаҳоро номбар карда, супориш дод, ки  дар назди онҳо низ ситод оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0