Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, феълан маризии сироятии коронавирус ба 29 кишвари қора доман задаст. Аз ин маризӣ ҳудуди 3000 дардманд ҷон бохтаанд, ки шумораи бештари қурбониён ба Чин рост меояд.
Зимнан, барои нахустин бор падидаҳои ин маризӣ дар Белорус ва Литва низ мушоҳида шудаст. Вазъият дар Италия ва Кореяи Ҷанубӣ бошад бисёр нигаронкунанда аст.
Раҳбарони аксар давлатҳо барои роҳ наёфтани каронавирус ба кишварашон аз ҳар роҳу тадобирҳо кор мегиранд. Ба фарзи мисол, чанд кишвар марзашонро бо давлатҳое, ки шаҳрвандонашон мубталои маризӣ ҳастанд, муваққатан бастанд.
Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид
Дар Арабистони Саудӣ аз вуруди зоирин барои адои Ҳаҷҷи Умра ва зиёрати хонаи Пайғамбар ҷилавгирӣ карда шуд. Ҳукумати Эрон бошад, баргузории намози ҷумъаро ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус манъ намудааст.
Дар Тоҷикистон хушбахтона то ҳол бурузи ин маризӣ сабт нагардидааст ва мақомдорони тоҷик ба хотири пешгирӣ аз беморӣ парвози ҳавопаймо самти Эронро мутаваққиф намуданд ва ҳамзамон шаҳрвандон ва меҳмононе, ки аз Чину Эрон ва чанд кишвари дигар ворид мешаванд, зуд ба карантин фаро мегиранд.