ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Кишварҳои Шарқи Наздик ба хотири ҷилавгарӣ намудан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус чораҳои саривақтӣ меандешанд, хабар медиҳад "Интерфакс".
Ба иттилои манбаъ, феълан дар Теҳрон ва як қатор шаҳрҳои бузурги ин кишвар баргузории намози ҷумъа манъ гардидааст.
Зеро, алъон дар Эрон бар асари маризии коронавирус 26 нафар ба ҳалокат расида, 254 дардманди ин беморӣ сатб шудааст.
Гузашта аз ин, дар Эрон се мақомдори баландпояи давлатӣ низ мубталои коронавирус шуданд.
Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид
Бар хабари расонаҳои эронӣ, муовини Вазири беҳдошт ва ноиби президенти Эрон оид ба корҳои занон ва оила мубталои коронавирус мебошанд. Ҳамчунин намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон изҳор доштааст, ки озмоиши коронавирус барояш мусбат баромадааст.
Зимнан, Арабистони Саудӣ ҳам ба хотири пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии коронавирус, вуруди зоирин барои адои Ҳаҷҷи Умра ва зиёрати хонаи Пағамбар манъ кардааст.
Бар тибқи маълумоти ахир, шумораи дардмандони маризии коронавирус ба 85 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ наздики 3 000 нафар ҷон бохтанд.
Алъон, маризии сироятии коронавирус дар 29 кишвари қора доман паҳн намудаст.