Президент баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкУчения по проведению медицинской эвакуации пациентов с симптомами коронавируса
Учения по проведению медицинской эвакуации пациентов с симптомами коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Муғулистон Халтмаагийн Баттулга бо ҳайати расмияш баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуданд

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Халтмаагийн Баттулга раисҷумҳури Муғулистон барои 14 рӯз ба карантин фиристода шуд. Бар хабари расонаҳои ин кишвар, Баттулга шаби 27 - уми феврал бо як ҳайати расмӣ аз Чин вориди кишвар шуд.

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Монголии Халтмагийн Баттулга
Президент баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуд  - Sputnik Тоҷикистон
Президент Монголии Халтмагийн Баттулга

Кишвардорро ҳамроҳ бо Вазири умури хориҷӣ ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар беморхонаи ноҳияи Баянзурх хобонданд.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид

Ҳамакнун роҳбари давлати Муғулистон ва ду мақомдори баландпоя ба муддати 14 рӯз дар карантин хоҳанд монд.

Туристы в защитных масках на одной из улиц Милана - Sputnik Тоҷикистон
Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Зикр мегардад, ки дар Пекин раисҷумҳури Муғулистон ба ҳамтои худ Си Ҷинпин 30 000 гӯсфанд хайр кардааст.

Бар тибқи маълумоти ахир, шумораи дардмандони маризии коронавирус ба 85 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ наздики 3 000 нафар ҷон бохтанд.

Алъон, маризии сироятии коронавирус дар 29 кишвари қора доман паҳн намудаст.

Лентаи хабарҳо
0