ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сӯхтор дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”, воқеъ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ 16-и шаҳри Душанбе санаи 27 феврали соли равон соати 10:38 дақиқаба амал омадааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар баробари қабули хабар фавран ба маҳали ҳодиса 16 адад нақлиётҳои асосӣ ва махсусӣ сӯхторхомушкунӣ ва ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва РХДО шаҳри Душанбе, инчунин хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ сафарбар карда шуданд.
“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 20 метри мураббаъ ошёнаи 11-уми бинои Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-ро оташ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар қисматҳои бино ба миён омада буд”, - қайд намудааст ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷаи амалиёти фаврии гузаронидаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар кутоҳтарин фурсат ба пуррагӣ хомуш карда шуд.
Сӯхтор дар меҳмонхонаи нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар маркази шаҳри Душанбе - навор
“Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бурда шуда, гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад”, - афзуд манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки як манбаъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки оташсӯзӣ дар қабати 11-уми бино ки дар он нашрияҳои "Тоҷикистон" ва "Оила" қарор доштанд, сурат гирифтааст, ва касе аз кормандони нашрия зарар наёфтаанд.