Оташсӯзӣ дар бинои "Шарқи озод"

© SputnikШарки озод, пожар
Шарки озод, пожар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қабати ёздаҳуми бинои нашриёти “Шарқи Озод”, ки воқеъ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт қарор дорад, оташ гирифт

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Бинои “Шарқи Озод”, ки дар он даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо ҷой доранд, имрӯз оташ гирифт. 

Бино ба аксу видеоҳои дар саҳифаҳои фейсбукияшон гузоштаи рӯзноманигорон мушоҳида мешавад, ки оташсӯзӣ дар қабати 11 бино ба вуҷуд омадааст.

Ҳамчунин дар аксу наворҳо дида мешавад, ки кормандони Хадамоти оташнишонӣ ҳозир шудаанд.

Бино ба иттилои як шоҳиди ҳодиса, оташсӯзӣ соати 10:30  шурӯъ шуда, сӯхтонхомушкунандагон айни ҳол онро хомуш кардаанд.

Як манбаъ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, оташсӯзӣ дар қабати 11-уми бино ки дар он нашрияҳои  "Тоҷикистон" ва "Оила" қарор дорад, сурат гирифтааст, ва касе аз кормандони нашрия зарар наёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, барои хомӯш кардани сӯхтор беш аз 10 мошини сӯхторхомушкунӣ ҳозир шудааст. 

 

Лентаи хабарҳо
0