Шерализода: коррупсия метавонад сабаби коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат шавад

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш қайд намуданд, ки коррупсия обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мекунад ва вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки бар зидди он мубориза барад

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Шараф Шерализода, муовини  якуми  раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи ҷомеа  буда, метавонад сабаби коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.

Генерал-майор Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд,  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд кормандони кадом идораҳои давлатӣ даст ба коррупсия задаанд?

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ хабар додааст. 

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

“Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад”, - таъкид дошт вай.

Ҳамзамон ӯ зикр кард, ки тайи ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ расид.

Дар ин давра ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ қариб ду баробар афзуда, 23 миллиард сомониро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнат 2,4 баробар афзуд. Сатҳи камбизоатӣ бошад, то 27, 5 дарсад поин фуромад.

Лентаи хабарҳо
0