Дар Суғд кормандони кадом идораҳои давлатӣ даст ба коррупсия задаанд?

© SputnikГенерал-майор Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд,
Генерал-майор Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд,  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар бораи теъдоди ҷиноятҳое маълумот дод, ки аз сӯи кормандони идораҳои давлатӣ дар вилоят содир шудаанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфт, миёни намояндаҳои идораҳои давлатӣ дар вилоят бештари ҷиноятҳои коррупсиониро кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳаи маориф содир кардаанд.

Как задерживали сотрудника ГСИН при даче взятки. Видео от ГКНБ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти раиси суди Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ: ду ҳазор доллар пора гирифтаанд

Иброҳимзода гуфт, таҳлили фаъолияти хизматии шахсони умумии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони чунин кумитаву вазоратҳо мансубанд:

“Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 41 ҷиноят, соҳаи маориф – 59 ҷиноят, соҳаи тандурустӣ – 23 ҷиноят, Кумитаи давлатии идораи замин – 39 ҷиноят, соҳаи бонк – 19 ҷиноят, Вазорати корҳои дохилӣ – 11 ҷиноят, мақомоти судӣ – 3 ҷиноят, Вазорати адлия – 7 ҷиноят, Вазорати нақлиёт – 6 ҷиноят, Вазорати меҳнат – 39 ҷиноят содир кардаанд”, - гуфт Иброҳимзода.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, соли 2019 дар умум 505 ҷинояти дорои характери коррупсионидоштаро ошкор намудааст ва ҳоло ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 24 ҷиноят зиёд гуфта мешавад. Аз ҳисоби чунин ҷиноятҳои ошкоршуда 27, 4 (соли 2018 - 65, 3) милион сомонӣ маблағи зарар муайян гардида, то охири соли 2019 11, 7 милион сомонӣ рӯёнида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0