ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва "Нафтчӣ"-и Қирғизистон баргузор шуд.
Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд хотима ёфт.
Аз дастаи "Хуҷанд" дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисобро боз карданд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи футболи "Нафтчӣ" хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид.
Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 ворид кард.