Ҷоми КФО: пахши мустақими бозии футболи тими "Нафтчӣ"-и Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд

Обуна шудан
Дар ҳошияи давраи интихобии Ҷоми КФО дар шаҳри Ҷалилобод, футболбозони тоҷик ва қирғиз ба майдон баромаданд. Феълан, ҳисоби бозӣ 1:0 ба фоидаи футболбозони қирғиз аст

Дар Ҷалилободи Қирғизистон сабқати футболи байни тими "Хуҷанд"-и Тоҷикистон ва "Нафтчӣ"-и Қирғизистон оғоз шуд. Феълан ҳисоби бозӣ сифр бар як, ба фоидаи бозингарони қирғиз аст.

Канали варзишии Қирғизистон рафти бозиро пахш мекунад. Sputnik Тоҷикистон навори бозиро пешкаши хонандагон мегардонад.

Дар бозӣ тими "Хуҷанд" бо либоси варзишии сурх ва тими "Нафтчӣ" бо либоси кабуд ба майдон баромадаанд.

Пирӯзӣ дар ин сабқат ба варзишкорони тими "Хуҷанд" имконият медиҳад, ки дар Ҷоми КФО-2020 ширкат кунанд. Дар ҷоми мазкур дастаи "Истиқлол", "Алтин Асир"-и Туркманистон ва "Дордой"-и Қирғизистон номнавис шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0