Эълони Бонки миллӣ дар бораи арзиши сомонӣ нисбат ба асъори хориҷа

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро барои имрӯз дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст. Мувофиқи он назар ба рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта, арзиши рубл каме поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1470 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рубл дар Тоҷикистон поён рафт
Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6800 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.5280 то 10.6500 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6800 сомонӣ, 1 евро - 10.5280 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1470 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0