Арзиши рубл дар Тоҷикистон поён рафт

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкБанкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей
Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро барои имрӯз дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст. Мувофиқи он назар ба рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта, арзиши рубл каме поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1480 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6968 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.5094то 10.6500 сомонӣ шудааст.

Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъор: арзиши рубл каме поён ва арзиши доллар андак боло рафтааст
Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6968 сомонӣ, 1 евро - 10.5094 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1480 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0