ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ дар ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ду тарҳро таъмини молӣ мекунад, ки 50 дарсади он ҳамчун кумаки бебозгашт ироа карда мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Гуфта мешавад, ки яке аз ин тарҳҳо сохтусози 18 пули автомобилӣ дар ВМКБ ва дигаре тақвияти соҳили 31 километрӣ дар устони Хатлон аст.
Таъмини молӣ дар чорчӯби тарҳи “Тақвияти зерсохтҳои муҳимм барои таъмини пойдорӣ ба офатҳои табиъӣ” амалӣ мегардад. Муҳлати иҷрои тарҳ то соли 2023 аст.
Чанде пеш БҶ эълом кард, ки чунин сармоягузориҳо ба Тоҷикистон, ки ҳамеша мувоҷеҳи офатҳои табиъӣ аст, барои афзойиши зарфияти омодагӣ ба вазъиятҳои изтирории эҳтимолӣ ва беҳбуди зерсохтҳои муҳимм кумак медиҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” ба маблағи 134 млн доллар грант ҷудо кардааст.
Интернети босуръат: Бонки Ҷаҳонӣ нархи интернетро дар Тоҷикистон арзон мекунад?
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” барои беҳбуди фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона хоҳад шуд.
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ таъкид намудаанд, ки ширкати “Барқи тоҷик” ба як қатор мушкилоти молиявӣ ва амалиётӣ мунҷар шудааст.