Дар ҷараёни ҷаласаи ду ҳайат, ки авохири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ҷонибҳо ба мувафиқа расиданд, ки дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳоро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 450километри он бидуни аломатгузорӣ боқӣ мондааст.
Пас аз мулоқот дар Батканд, ҷонибҳо протоколро дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар имзо карданд.
Мадумаров, зодаи Қадамҷой ноиби нави нахуствазир шуд: вазифа – ҳалли баҳси марзӣ
Қобили зикр аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистону Қирғизистон тақсимоти сарҳадотро ба анҷом нарасонданд. Дар ин робита, дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пайвата низоъҳо рух медиҳанд.
Рӯзи сешанбе маълум шуд, ки даври навбатии мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо оид ба демаркатсия ва демилитаризацияи марзҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи март дар Хуҷанд баргузор мешавад.