ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Мақомоти Чин боварӣ доранд, ки ба наздикӣ коронавирус Covid-19 нобуд мешавад.
Тавре РИА Новости гузориш медиҳад, сафири Чин дар Русия Ҷан Ханхуэй гуфтааст, ки пизишкони чинӣ зидди коронавирус ваксина омода кардаанд, ки самаранокиаш исбот шудааст.
Дар ҳамин ҳол, пештар мақомоти ЧИн эълом карда буданд, ки санҷиши клиникии ваксина на пештар аз охирҳои апрел сар мешавад, коркарди он бошад якҷо бо давлатҳои дигар анҷом дода мешавад.
Имрӯзҳо мақомоти кишварҳои зиёд, ташкилоту бунёдҳо маблағҳои ҳангуфт масраф мекунанд, то зидди ин беморӣ ваксина пайдо намоянд.
Ба гуфтаи дипломати чинӣ вирус то рафт нобуд мешавад. Ҳаждаҳ рӯзи ахир аст, ки ба ғайр аз вилояти Хубэй, ситояти коронавирус дар тамоми минтақаҳои ин кишвар коҳиш меёбад.
Коронавирус ва Тоҷикистон: 882 шаҳрванди Чин аз беморхонаҳо мураххас гардид
Пизишкони Чин қайд мекунанд, ки раванди сохтани ваксина мушкил аст, зеро вируси Covid-19 – бемори навест, ки дар рафти ташхсҳо далоили нави норӯшане пайдо мегарданд.
Дар ҷаҳон бештар аз 80 ҳазор ба вируси хатарноки ба истилоҳ тоҷдор мубтало гашта, 2600 нафар ҳалок шуданд.