"Меҳмон"-и нохонда: коронавирус аз Эрон ба Қувайт интиқол ёфт

© AP / Lee Jin-manРабочие в защитных костюмах распыляют дезинфицирующее средство
Рабочие в защитных костюмах распыляют дезинфицирующее средство - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони аз вируси корона сироятёфта дар Қувайт ба наздикӣ аз Эрон баргаштаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди Арабистони Саудӣ будааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Қувайт се ҳолати гирифторӣ ба вируси корона тасдиқ шуд, гузориш медиҳанд расонаҳо. Бино бар иттилои манобеъ, ин вируси хатарнок аз Эрон ба кишвар интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, маризони сироятёфта чанде пеш аз Машҳади Эрон ба Қувайт баргаштаанд. Ёдрас мешавем, дар Эрони бори нахуст гирифторони вирус дар Машҳад пайдо шуданд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус ва Тоҷикистон: 882 шаҳрванди Чин аз беморхонаҳо мураххас гардид
Яке аз сироятёфтаҳо дар Қувайт шаҳрванди Арабистони Саудӣ будааст. Ду шаҳрванди Қувайт яке 53 ва дигаре 21 сол доштаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки коронавирус дар Фаластин ва Ироқ низ ба қайд гирифта шуд.

Пештар масъулин дар Афғонистон низ аз ҳолатҳои гирифторӣ ба вирус дар Ҳирот хабар доданд. 

Мураххас шуданд: дар 236 нафари зери карантин буда нишонаҳои "коронавирус" пайдо нашуд

Ёдрас мешавем, ки  дар Эрон шумораи қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" рӯ ба афзоиш аст. Хабаргузории Ирно аз қавли намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур  хабар медиҳад, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0