Мирзиёев ба хонуми Трамп бистари 4200 - доллара тӯҳфа кард

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и Президент США Дональд Трамп
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар баробари кишвардорони дунё ба Доналд Трам президенти Амрико ва ҳамсари ӯ Мелани Трамп тӯҳфа ба арзиши беш аз 8 ҳазор доллар ҳадя намудаст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муайян гардид, ки кишвардорони як қатор давлатҳо ба раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ Мелани Трамп чӣ  ҳадя намуданд.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Тӯҳфаи пурарзиши Мирзиёев ба роҳбари Чеченистон-видео

Дар миёни тӯҳфаҳои раисҷумҳурон, армуғони амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ аз ҳама гаронарзиш будааст, менависад New York Times.

Ба гузориши ин нашрия, тӯҳфаи ҳадянамудаи Шайхи Қатар ба Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ 23,5 ҳазор доллар арзиш доштаст. 

Дар байни тӯҳфадиҳандаҳо ба президенти Амрико номи Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон низ ҳаст. Тибқи маълумотҳо, Мирзиёев ба сарвари Амрико Доналд Трамп нусхаи нуқрагини комплекси Регистонро ба маблағи 2950 доллар ҳадя намудаст.

Путин ба Попи Рум фитаи филми "Гуноҳ"-ро ҳадя кард

Ҳамчунин, Мирзиёев ба ҳамсари Трамп низ ба қимати 4200 доллар болопӯш барои бистар тӯҳфа кардааст.

Дар қатори раисҷумҳурон, кишвардори Русия Владимир Путин низ дар канор намонда, тангаҳои нуқрагинро ба арзиши 1,5 ҳазор доллар ба ҳамтои амрикоии худ ҳадя ирсол доштаст.

Эммануел Макрон президенти Фаронса бошад ба Доналд Трамп ҷузвдон барои голф ба арзиши 8,2 ҳазор доллар ҳадя намудаст.

Лентаи хабарҳо
0