ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров аз раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев тӯҳфаи пурарзише дастрас намудаст.
Тӯфаи раисҷумҳурро ба Қодиров ҳайати намояндагони Узбакистон, ки дар расми ифтитоҳи масҷиди "Ифтихори мусалмонон" дар Шали даъват шуда буданд, супориданд. Мушовири раисҷумзури Узбакистон Рустам Қосимов тӯҳфаи ирсолнамудаи Шавкат Мирзиёевро ба Қодиров супорид.
"Дар ҷараёни мулоқот Рустам Қосимов ба ман як тӯҳфаи бебаҳо - нусхаи дастнависи қадимаи Қуръонро, ки дар мадрасаи Мӯйи Мубораки Тошканд нигаҳдорӣ мешуд, тақдим намуд", - навиштааст Қазиров дар сафҳаи Instagram
Зимнан Қосимов дуруди Мирзиёев раисыумщури Узбакистанро ба Рамзан Қодиров рощбари Чеченистон расонид.
Ёдовар мешавем, ки санаи 23 август дар Шали Чеченистон бузургтарни масҷид дар миқёси Урупо кушода шуд.