ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиётие, ки рӯзи 24-уми феврали соли равон дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич сурат гирифтааст, ронандаи 46 сола ба ҳалокат расидааст.
Тавре ВУД хабар додааст, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Эшбоев Лутфулло Фозилович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Маҳмудов Карим Раҳимович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Айнӣ, бархӯрдааст.
Ду садамаи маргбор дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ва Хуҷанд дар як рӯз: ду тан ҳалок шуданд
“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Эшбоев Л.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст” – зик намуд манбаъ.
Инчунин тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, як садамаи маргбори дигар санаи 23-юми феврали соли равон, дар ҳудуди деҳаи Гулоб ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Намозов Нуралӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Гулоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Камаз”, таҳти идораи ронанда, Авлақулов Абдурасул, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Султонобод, бархӯрдааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Намозов Н.Ю ва мусофираш Эшмурзоев Насимхон Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳоли ҳозир кормандолни Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома доранд.