ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД садамаи маргбор рӯзи 15-уми феврал ба вуҷӯъ пайваста, дар паи он ҳам ронандаю ҳам мусофир ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, садама рӯзи тахминан соати 09:30-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Комилов Шералӣ Норбоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
"Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Шамсиева Раъно Одиловна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки худи ронанда, Комилов низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.
Бархӯрди маргбори мошини Убайдуллоевна бо "Хундай-Старекс" дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд"
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.