“Оҳуи бухороӣ” дар рӯйхати ҳайвоноти ҳифзшавандаи СММ: пешниҳоди Тоҷикистон... қабул шуд

© Лев Устинов / Гузариш ба медиабонкГорный баран
Горный баран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистону Узбекистон ва Эронро дар мавриди  ворид карадни “оҳуи бухороӣ” ба рӯйхати даҳгонаи ҷонварҳои кӯчии дар ҳоли хатар қарор доштаро, пазируфтааст.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамакнун “оҳуи бухороӣ”, ки номи илмиаш “уриол” аст, ба рӯйхати ҳайвоноти ҳифзшавандаи созмон ворид гаштааст.

Ба иттилои манбаът тасими мазкур дар конфронси ҳифзи муҳити зисти СММ, ки дар шаҳри Гандинагари Ҳиндустон доир гашт, гирифта шуд.

Ба мамнӯъгоҳи “Ромит” оҳуи бухороӣ оварданд

Гуфта мешавад, ба ин рӯйхат инчунин, фили осиёӣ, ягуар, мурғи бузурги дуғдоғи ҳиндӣ, мурғи бенгалии дуғдоғ, дрофа, албатроси антиподӣ, моҳии чаккуш ворид шудаанд.

Ҳамчунин аз намояндагони давлатҳо даъват шудааст, чораҳи заруриро андешанд то ҳайвоноти ваҳшӣ дар роҳҳои оҳан ва автомобилгард намиранд.

Манбаъ мегӯяд, дар конфронси мазкур Эъломияи Гандинагар дар бораи ҳифзи тамоми ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти онҳо қабул гардид, ки аз ҷониби намояндаи 130 кишвар пазируфта шуд.

То кунун ба рӯйхати мазкур номи 173 ҷонвар дар ҷаҳон шомил шуда буд.

Олень влетел в салон красоты - видео - Sputnik Тоҷикистон
Оҳу низ ба кошонаи ҳусн омад - навор

Дар Тоҷикистон “оҳуи бухороӣ”-ро бештар дар манотиқи марзӣ-Шаҳритуз, Қабодиён, Бохтар,  Вахшу Ҳисор ва дар қаторкӯҳҳои Туркистони водии Зарафшон дидан мумкин аст.

Ба гуфти Алихон Латифӣ, номзади илмҳои биологӣ, сарфи назар аз он, ки навъи оҳуи бухороӣ хеле дер афзоиш меёбад (дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми 20 сол шумораи онҳо то 16-18  маротиба заёд карда  шуда буд), Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи умумии ин намуди оҳу дар байни кашварҳо ИДМ  дар ҷои аввал қарор дорад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0