Ба мамнӯъгоҳи “Ромит” оҳуи бухороӣ оварданд

© Фото : Алихон ЛатифиОҳуи бухороӣ дар мамнӯъгоҳи "Ромит"
Оҳуи бухороӣ дар мамнӯъгоҳи Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мамнӯъгоҳи давлатии “Ромит” навъи оҳуи бухороӣ, ки солҳои Ҷанги шаҳрвандӣ пурра нобуд гардида буд, аз сари нав барқарор карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Зиёда аз 300 навъи намуди оҳуи олӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани мамнӯъгоҳи "Ромит" ба ин минтақа аз мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон"  7 сар оҳуи бухороӣ оварда шудааст",-мегӯяд номзади илмҳои биологӣ Алихон Латифӣ.

Ба қавли ӯ таҷрибаи мусоид, ки ҳанӯз замони Шӯравӣ истифода мешуд, нишон медиҳад, ки зиёд намудани навъи оҳуи бухороӣ бо роҳи сунъӣ воқеӣ аст.

"Дар давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин роҳ шумораи оҳуи навъи олӣ ба 200 сар оварда шуда буд. Вале солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо сабаҳои гуногун аз ҷумла шикор, қариб ҳамаи онҳо нобуд гардиданд. Имрӯзҳо дар мамнӯъгоҳи "Ромит" барои барқарор намудани ин навяи оҳу шароити мусоид фароҳам оварда шудааст",-гуфт Алихон Латифӣ.

Сарфи назар аз он, ки навъи оҳуи бухороӣ хеле дер афзоиш меёбад (дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми 20 сол шумораи онҳо то 16-18  маротиба заёд карда  шуда буд), Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи умумии ин намуди оҳу дар байни кашварҳо ИДМ  дар ҷои аввал қарор дорад.

Мамнӯъгоҳи давлатии "Ромит", ки соли 1959 таъсис дода шудааст дар дараи хушманзараи Ромит каме дуртар аз шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Ҳаҷми умумии он 16,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0