Коронавирус ва Тоҷикистон: 882 шаҳрванди Чин аз беморхонаҳо мураххас гардид

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ба рӯзи 24 феврал 882 шаҳрванди Чин аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, феълан 266 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 24 феврали соли равон 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1 феврал аз Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз ин шумора то ба рӯзи 24 феврал 882 нафари онҳо аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, айни ҳол 266 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.

"Хушбахтона, то кунун дар миёни шаҳрвандони бистаришуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ афзуда, ки новобаста ба ин, Вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ корҳои назоратиро пурзӯр намуда истодааст.

Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Чаро мардон бештар қурбони коронавирус мешаванд?

Коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0