Даргузашти Ҳусни Муборак собиқ раисҷумҳури Миср: аз саратони меъда азият мекашид

© AP / Amr NabilХосни Мубарак. Архивное фото
Хосни Мубарак. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ раисҷумҳури Миср Ҳусни Муборак бар асари бемории дарозмуддат дар синни 91 солагӣ аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Телевизиони давлатии Миср аз даргузашти собиқ раисҷумҳур, Ҳусни Муборак хабар дод. Марҳум бар асари маризии дарозмуддат дар синни 91 - солагӣ вафот кард.

Суд Ҳусни Муборакро барои фасодкорӣ сафед кард

Бар тибқи расонаҳои ин кишвар, авохири моҳи январ Ҳусни Муборак як ҷарроҳиро паси сар карда. Ӯ аз саратон ранҷ мебурд.

Қобили зикр аст, ки Ҳусни Муборак давоми 30 сол зимоми давлатдории Мисрро дар даст дошт. Марҳум аз соли 1981 то соли 2011 дар маснади раисҷумҳурии Миср қарор дошт.

Додгоҳи Қоҳира Муборакро дар куштори эътирозгарон гунаҳкор намедонад

Моҳи феврали соли 2011, пас аз мавҷи тазоҳуроти оммавӣ, ки яке аз талаботҳои эътирозгарон рафтани ӯ аз қудрат буд, Муборак истеъфо дод. Пас аз ин, раҳбари пешини Миср бо иттиҳоми фасод ва марги тазоҳуркунандагон боздошт шуд. Ҳусни Муборак тақрибан шаш солро дар зиндон сипарӣ кард. Соли 2017 ӯ озод карда шуд.

Ҳамроҳ бо хонаводааш ӯ дар кӯшк дар минтақаи Қоҳира ба сар мебурд.

Лентаи хабарҳо
0