ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Суди касатсионии Коҳира ҳукми раиси ҷумҳури собиқи Миср Ҳусни Муборакро дар заминаи фасод бекор кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Додгоҳ ҳамчунин ҳукми ду писари Муборакро дар мавриди дуздии маболиғи будҷа бекор карда ва таъйин кард, ки таҳқиқоти ҷадид сурат бигирад.
Ҳамакнун Муборак метавонад аз зиндон озод гардад. Замони оғози таҳқиқоти ҷадид ҳанӯз рӯшан нест.
Дар моҳи майи соли 2014 Ҳусни Муборак ба иттиҳоми дуздии маболиғи давлат, ки барои бозсозии қасри раиси ҷумҳур пешбинӣ шуда буд, ба се соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин парванда ду писари вай Ҳамал ва Алаа низ ҳамроҳ буданд, ки ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуданд.
Дар авохири соли гузашта, 29-уми ноябр додгоҳи ҷиноии Коҳира иттиҳомот алайҳи Муборак ва ду фарзанди вай дар робита ба қатли 750 нафар эътирозгар дар рӯзҳои инқилоби мисрии соли 2011-ро бекор кард. Вазири собиқи умури дохила ва шаш нафар ёварони наздики вай низ сафед шуданд.