https://sputnik.tj/20200225/Besh-az-38-azor-somon-arimai-direktori-tykhonai-Zulola-baroi-10-oyi-zidat-1030771145.html
Беш аз 38 ҳазор сомон ҷаримаи директори тӯйхонаи "Зулола" барои 10 ҷойи зиёдатӣ
Беш аз 38 ҳазор сомон ҷаримаи директори тӯйхонаи "Зулола" барои 10 ҷойи зиёдатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳия Ҷаббор Расулов, Ғафурова Зиёда Бобоҷоновна, роҳбари тӯйхонаи “Зулола”-ро барои риоя накардани Қонуни танзим 38 ҳазру 500 сомонӣ ҷарима кардааст 25.02.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-02-25T15:40+0500
2020-02-25T15:40+0500
2021-04-19T16:39+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/40/1017424052_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d4fbdc25834a8e5eaea609d220b0a49c.jpg
ҷаббор расулов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/40/1017424052_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_96b8aec7abdc92c2b6291c8d88deafc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ҷаббор расулов, ҷарима, суд, додситонӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ҷаббор расулов, ҷарима, суд, додситонӣ
Беш аз 38 ҳазор сомон ҷаримаи директори тӯйхонаи "Зулола" барои 10 ҷойи зиёдатӣ
15:40 25.02.2020 (Навсозишуда: 16:39 19.04.2021) Додгоҳи ноҳия Ҷаббор Расулов, Ғафурова Зиёда Бобоҷоновна, роҳбари тӯйхонаи “Зулола”-ро барои риоя накардани Қонуни танзим 38 ҳазру 500 сомонӣ ҷарима кардааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матуботии Додситонии кулли Тоҷикистон, Зиёда Ғафурова, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар тӯйхонаи “Зулола” ба гузаронидани тӯю маъракаҳо машғул шуда, бархилофи талаботҳои моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал кардааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда 25 декабри соли 2019 ҳангоми баргузор намудани тӯйи домодию арӯсии Муҳамедов Б.Б. барои зиёда аз 160 нафар меҳмонон ҷойи нишаст ва шароит муҳайё намудааст.
“ 27 декабри соли 2019 аз ҷониби прокурори ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати Ғафурова З.Б. бо қисми 2 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, бо қарори суди ноҳия аз 08.01.2020 сол ба Ғафурова З.Б. бо моддаи зикршуда ҷазо дар намудаи ҷарима ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 38 500 сомонӣ таъин карда шудааст.