Ҷаримабандии 500 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳҳои Тоҷикистон вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар нӯҳ моҳи соли равон нисбат ба 519 шахс ба маблағи умумии 2 490 565 сомонӣ ҷарима таъйин кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба вайрон кардани яке аз қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар нӯҳ моҳи соли равон 527 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 527 шахс баррасӣ шуда, ба 519 шахс ба маблағи умумии 2 490 565 сомонӣ ҷарима татбиқ шудаст.

Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши парвандаҳо барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон

Ин маълумот зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон манзур гардид.

Дар ҷаласа зикр шудааст, ки шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун "Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба 12690 адад расида, бо 11453 парванда нисбат ба 11535 нафар қарор қабул карда шудаст.

Дар маҷмӯъ нисбат ба 4421 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъйин гардидааст. 

Дар ин давра ба судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120090 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 633 адад зиёданд.

Аз ин шумора судҳо 106695 адад парвандаҳо ва дархосту пешниҳодҳоро моҳиятан баррасӣ карданд, ки назар ба шашмоҳаи  якуми соли гузашта 500 адад кам шудааст.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 10130 ададро парвандаҳои гражданӣ, 29324 парвандаҳои оилавӣ, 8149 парвандаҳои ҷиноятӣ, 39106 парвандаҳои маъмурӣ ва 13382 дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд.

Аз ин шумора 12384 парванда дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудаанд.

Ҳамзамон таъкид шуда, ки бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019", ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо тариқи телевизион ва радио 1783 маротиба дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ сухан гуфта, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 773 хабару мақолаҳо ба нашр расонида ва дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 6671 вохӯриҳо баргузор намуданд.

Молодожены, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Узбакистон ҳам "танзими анъана ва ҷашну маросим" сар шуд

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 12966 таъйиноти хусусӣ бароварда, 471 ҷамъбастҳои амалияи судиро гузаронида, ба мақомоти дахлдор 567 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент оид ба ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар нимсолаи якум бевосита аз ҷониби раиси Додгоҳи Олӣ 1279 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2018 ин шумора 148 адад зиёд мебошад.

Дар рӯзҳои корӣ аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 64 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.

Ҳамчунин дар интиҳои маҷлис раиси Додгоҳи Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён фаъолияти мақомоти судиро давоми нуҳ моҳи соли 2019 мавриди ҷамъбаст қарор дода, ба судяҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, риоя кардани муҳлати баррасии парвандаҳо, тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ босифат таҳия намудани санадҳои судӣ ва сари вақт ба тарафҳо супоридани нусхаҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0