ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раёсати ВУД Тоҷикистон бо дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ сар аз дирӯз дар пойтахти кишвар амалиёти "Корд"- ро пиёда намудаст.
Бо баргузории ин амалиёт, кормандони пулис дар ноҳияи Фирдавсӣ хонандагони Гимназия ва макотиби миёнаро боздошт намуданд, ки дар ҷузвдони худ силоҳи сард ва "Электрошокер"- ро ҷой дода, ҳамроҳ ба мактаб мебурданд.
Манбаъ меафзояд, аз ҷузъдони ду хонандаи синфи 11 - и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 72 дар ноҳияи мазкур 2 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира шуд.
РВУД мегӯяд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ному насаб ва ҳамчунин акси онҳо гузошта намешавад.
Гузашта аз ин, кормандони пулис боз хонандагони синфи 11 - Гимназияи № 9 ва МТМУ № 11 як ададӣ воситаи барқдиҳанда "Электрошокер"- ро дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, нисбати волидони хонандагон барои бемасъулиятӣ ва нақзи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" маводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст.
Кормандони Раёсати умури дохилии тоҷикистон мегӯянд, ба хотири монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғон ва ҷавонон. махсусан бо истифода аз силоҳи сард, баргузории амалиёти "Корд" дар ҳудуди пойтахт идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз зиёд шудани ҳодисаҳои кордкашӣ миёни ноболиғон бонги изтироб зад ва бо нашри як муроҷиатнома аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хоҳиш намудаст, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавнон саҳми худро гузоранд.
Зимнан роҳбарияти РВУД аз падару модарон талаб намудааст, ки фарзандони худро пайваста таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.