Лавров: Маскав дар интизори раисҷумҳури Тоҷикистон аст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Маскав вохӯрӣ ва мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сергей Лавров дар ҷараёни мулоқоти худ бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Маскав дар арафаи ҷашни Рӯзи ғалаба, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интизор аст.

"Соли 2020 барои Тоҷикистону Русия соли назаррас аст, чун мо якҷоя аз 75 - умин солгарди ғабала бар фашизм ҷанш мегирем", - изҳор намудаст Лавров дар нишасти матбуотии муштарак.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон
Тӯҳфаи Вазорати беҳдошт ба бонувони тоҷик: "аз ташхиси ройгон мегузаронем"

"Дар Тоҷикистон ин санаи муқаддасро пос медоранд ва онро ёд мекунанд. Зимнан дар қаламрави ҷумҳурӣ вобаста ба ин ид як қатор чорабиниҳои тантанавӣ ба нақша гирифта шудааст. Сарвари давлати мо, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раисҷумҳури Русия, Владимир Владимирович Путин дар паради 9 май дар Маскав ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дар Майдони сурх гашти сарбозон ва афсарони қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар назар аст", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

"Аҳамияти ҷаҳонӣ дорад": ВУХ сафари Раҳмонро ба Маскав тасдиқ кард

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0