ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Аз 1 - ум то 8 - уми марти соли равон бонувони Тоҷикистон имкон доранд аз чанд намуди ташхис ба таври ройгон гузаранд.
Ин иқдомро Озмоишгоҳи миллии референсиӣ Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯи даст гирифтаст.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, аз 1 то 8 марти соли равон тамоми занону духтарони мамлакат метавонанд аз ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон гузаранд.
Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.
Суғд: Собиқадоронро рӯзи 9 май ройгон ташхиси тиббӣ мекунанд
Манбаъ меафзояд, хоҳишманон метавонанд бидуни наҳорӣ кардан, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур воқеъ дар шаҳраки Шифобахш (Қарияи Боло) муроҷиат намоянд.