Дар Хоруғ маҳфили эҷодии мутриб ва навозанда Мазор Ёрбеков баргузор шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мазор Ёрбеков муаллифи оҳангҳои маҳбуби халқ ба монанди: "Шодӣ", "Хоруғи ман", "Тоҷикистон", "Гули Наврўз", "Рӯшон", "Ид бар ошиқон" мебошад

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар театри вилоятии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ маҳфили эҷодии оҳангсоз ва мутриб Мазор Ёрбеков баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар чорабинӣ аҳли фарҳанг ва санъат, ҳунарпешагон, намояндагони васоити ахбори омма ва дӯстдорони савту наво иштирок намудаанд.

Концерт в честь памяти Лидуша Хабиба - Sputnik Тоҷикистон
Сурудҳои ошиқона: ёдбуди Лидуш Ҳабиб ё Висотскии тоҷик дар Маскав

Сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сайёд Қурбонмамадов дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, зикр кардааст ки Мазор Ёрбеков аз соли 1980 инҷониб дар ин соҳа фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ пайваста маҳорати худро сайқал медиҳад ва оҳангҳои ӯ дар бисёр чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ истифода мешаванд.

"Тӯҳфа" - и гулдухтарони Бадахшон ба Эмомалӣ Раҳмон: рақси зебои помирӣ - видео

Мудири театри вилоятӣ ба номи М. Назаров Мутриб Шоискандаров низ аз фаъолияти эҷодии Мазор Ёрбеков суханронӣ намуда, қайд кардааст, ки ӯ шогирдони зиёдеро тарбия менамояд ва нисбати онҳо ҳам меҳрубону ғамхор ва ҳам сахтгиру серталаб мебошад.

"Маҳорати баланди навозандагӣ ва серталабӣ дар кор бо эҷодкорон боис гардид, ки Шӯрои бадеии театр Ёрбековро бо як овоз консертмейстри театр интихоб намуд", - гуфт мудири театр.

Мазор Ёрбеков ҳамчунин муаллифи бисёр оҳангҳои маҳбуби халқ ба монанди: "Шодӣ", "Хоруғи ман", "Тоҷикистон", "Гули Наврўз", "Рӯшон", "Ид бар ошиқон" ва ғайра мебошад.

Манбаъ афзуда, ки дар охир барномаи консертии ҷолибу дилнишин хотири меҳмонони маҳфили эҷодиро шод намуд.

Лентаи хабарҳо
0