Сурудҳои ошиқона: ёдбуди Лидуш Ҳабиб ё Висотскии тоҷик дар Маскав

© © НУРКонцерт в честь памяти Лидуша Хабиба
Концерт в честь памяти Лидуша Хабиба - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садҳо тоҷикони муқими Маскав аз эҷодиёти шоир ва овозхон Лидуш Ҳабиб ёд карданд

ДУШАНБЕ, 15 май- Sputnik.  Созмони ҷамъияти "НУР" ба муносибати 55 солагии овозхони машҳури Бадахшон Лидуш Ҳабиб,  дар Маскав консерт ташкил кард.

Дар толори Хонаи фарҳанги пойтахти Русия рӯзи 12 май садҳо тоҷикони муқими Маскав ба хотири гуш кардани сурудҳо ва шеърҳои овозхони маъруфи Бадахшон ҷамъ омаданд.

Бояд қайд кард, ки ташкилкунандагон ба ҳадафрасиданд, чунки ёдбуд хеле хуб гузашт.

Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Далер Назаров дар бораи Лидуш Ҳабиб: "барои мо ӯ ҳамеша зинда аст"

Овозхонон на танҳо бо асбобҳои миллӣ сурудҳои Лидушро иҷро мекарданд, балки бо истифода аз гитору аккордеон ва ансамбли мусиқинавозон сурудҳои шоирро барои тамошобинон пешкаш мекарданд.  

Ифтитоҳи консерти бо саҳнача ва шеърхонӣ бо забони тоҷикиву русӣ оғоз шуд.

Бархеҳо Лидушро Висотскии тоҷикӣ медонанд, чун барои тоҷикон ба хусус бадахшониҳо саҳми арзанда дар фарҳанг муосири миллӣ гузоштааст.     

Инчунин муқоисаҳо тасодуфӣ нест. Мусиқӣ барои ҳардуи бардхонон дувумдараҷа буда матни шеърҳояшон маънидор аст, шеърҳои ҳарду бардхонон  фарқияти бисёр рангоранг доранд: дар инҷо ҳам сурудҳои ошиқӣ ва ҳам назми маънавӣ, дар бораи мубориза бо худ, дустӣ, зиндагӣ ва ахлоқи инсонӣ.

Лидуш Ҳабиб мисли хонандаи машҳури рус Висотский аз тарафи давлат қадрдонӣ намешуд ва аз роҳи интихобкардааш ҳеч гоҳ пушаймон нашуда буд. Ҳардуяш ҷавон аз дунё рафтанд. Висотский дар сини 42-солагӣ ҷон бохту, Ҳабиб дар сини 39 солагӣ дар Ватани худ шаҳри Хоруғ даргузашт. Ва аҷиб ин аст, ки ҳар дуяшон дар як вақт, яъне Висотский 22 июл Лидуш 25 июл даргузаштанд.

Ягона фарқият миёни Ҳабибу Висотский он аст, ки хонандаи машҳури рус Висотский дар кишвар ва хориҷ аз кишвар маъруф аст, вале Лидуш Ҳабиб маҳбубияти худро дар доираи маҳдуди тоҷикон дорад.

Гарчанде аксари сурудҳои хонанда бо забони шуғнониву рушонӣ бошад аст, забони русиро Лидуш олӣ медонист. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самара дар солҳои 80-ум ӯ ба ҳайси хабарнигори русзабон дар рӯзномаи "Бадахшони Советӣ" кор мекард.

Саши Заифӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст

Ҳар ҷо, ки беадолитию бевиҷдонӣ авҷ мегирифт, Лидуш онро бе тарсу ҳарос ба қалам додаву ошкоро интиқод мекард. Ӯ ҳамчунин бо шеърҳояш ишқи худро ба  Ватану мардумаш бисёр зебову воло бозгӯӣ кардааст. Ишқ яке аз мавзуъҳои марказии ашъори Лидуш Ҳабиб буд. Ӯ ишқу ошиқиро дар сурудаҳояш бисёр ҷаззоб ба риштаи назм кашидааст. Аз барои ҳамин тасвири эҳсосоти ошиқона ӯро дар Бадахшон аз хурд то бузург дӯст медоранду сурудҳояшро зам-зама мекунанд.

Аксари шоирони ҷавони Бадахшон, ки бо забони шуғнӣ эҷод мекунанд, Лидуш Ҳабибро устоди худ мешуморанд.     
Бовар Абдураҳмонов — яке аз шоирони ҷавону пайрави Лидуш мегӯяд, ки аз устодаш ростгӯиро омӯхтааст.

"Аз Лидуш Ҳабиб бисёр чизҳоро омӯхтам. Шеърҳои ӯ ба ман илҳом мебахшанд. Бо гузашти солҳо маънои шеърҳои Лидушро хубтар дарк мекунаму бузургии ӯро бештар мефаҳмам.  Яке аз боризтарин вижагиҳои шеърҳои Лидуш содаву равон буданашон аст. Ин ҳунарест бисёр шигарф — бо вожаҳое сода мушкилоту фалсафаи зиндагиро ба қалам додан. Яке аз муҳимтарин дарсҳое, ки ман аз Лидуш омӯхтаам, ростгӯӣ аст", — гуфт Бовар Абдураҳмонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамин бузургию ростгӯии Лидуш Ҳабиб буд, ки гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз шаҳрдори Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева дархост кардаанд кӯчае ё мактабе дар шаҳри Хоруғ ба номи шоир ва барди марҳум Лидуш Ҳабиб гузошта шавад.
Лидуш Ҳабиб 2 майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Самара, солҳои 80-уми асри гузашта, Лидуш Ҳабиб ба Ватан бозгашта фаъолияташро ба ҳайси хабарнигори русзабони рӯзномаи "Бадахшони Советӣ" оғоз кардааст.

Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ Лидуш ба эҷоди шеърҳо ба забонҳои шуғнӣ ва рӯшонӣ оғоз кардаву дарди ҷомеаро ба қалам додааст.
Имрӯз Лидуш Ҳабибро дар Бадахшон ва фаротар аз он хурду бузург мешиносанду сурудҳояшро аз ёд медонанд.

Лентаи хабарҳо
0