Шиддат гирифтани “коронавирус” дар Эрон: шумори ҷонбохтагон ба 5 нафар расид

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСанитарно-контрольный пункт в аэропорту Красноярска
Санитарно-контрольный пункт в аэропорту Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди ашхоси мубтало ба коронавирус дар Эрон дар маҷмӯъ ба 28 нафар расид, ки аз ин теъдод 5 нафар ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба нақл аз ИРНО, Киёнуши Ҷаҳонпур раиси Маркази иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе эълом кард, токунун 785 фарди машкук ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ ва озмоиш шудаанд.

Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Шумори фавтидагон аз “коронавирус” дар Эрон ба 4 нафар расид

Ҷаҳонпур афзуд, аз ин теъдод ибтилои 10 нафар ба коронавирус қатъӣ шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба омори 18 нафари рӯзи гузашта, маҷмӯи ин мубталоён ба 28 нафар расид.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи гузашта мақомоти Эрон эълон карда буд, ки  шумори афроди мубтало ба “Коронавирус” дар Эрон, дар маҷмуъ ба 18 нафар расид, ки аз ин теъдод 4 тан ҷони худро аз даст доданд.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар ба беш аз 25 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷануӣ, Жопон,Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам гузаштааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0