Шумори фавтидагон аз “коронавирус” дар Эрон ба 4 нафар расид

© The Central Hospital of WuhanКоронавирус нового типа зарегистрирован в Китае
Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори афроди мубтало ба “Коронавирус” дар Эрон, дар маҷмуъ ба 18 нафар расид, ки аз ин теъдод 4 тан ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорат беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бар асоси охирин натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда, ибтилои 13 мавриди ҷадид ба вируси корона то имрӯз (ҷумъа) қатъӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири иқтисоди Тоҷикистон бо Юрий Соболев, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик таъсири коронавирус ба иқтисодиётро баррасӣ кард

Ҷаҳонпур афзуд, ҳамчунин ду бемори дигар аз афроди мубтало ба ин вирус ҷони худро аз даст доданд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Эрон, пеш аз ин низ ду фарди мубтало ба корона бо таваҷҷуҳ ба куҳулати син ва заъфи эминии бадан, ҷони худро аз даст доданд.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар, ба беш аз 25 кишвари дигар, аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва дастикам 2 ҳазору 200 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Комиссияи беҳдошти миллии Чин эълом кард, беш аз 18 ҳазор нафар то кунун зери карантин қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0