ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Маблағҳои ҷудогардида барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар қиёс бо соли гузашта 6,4 дарсад ё ба андозаи 403,6 миллион доллар афзоиш ёфтаанд, хабар дод Вазорати молия.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст аз аввали моҳи сентябри соли равон ҳаҷми маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва идрорпулӣ зиёд карда шавад.
Масъалаи болобарии маошу нафақаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатӣ ба парлумони кишвар ба миён гузошта буд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки нафақаи маъюбон 50 фисад ва нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 дарсад зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ ба андозаи 15 фоиз боло бурда мешавад.