Фавти раиси Додгоҳи шаҳри Истаравшан ва корманди хоҷагии ҷангал дар пайи садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай, раиси додгоҳи Истаравшан ва Исроилҷон Ваҳҳобов корманди идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, мошине, ки раиси суд дар он савор буд, бо Дулани канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа ду мусофири он ҳалок шудаву ду тани дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи “Опел” баъд аз садама ронандаи “Камаз”-ро пахш карду ба қатл расонд

Ба иттилои манбаъ вазъи саломатии ду нафари дигар низ вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ҳодиса  шаби гузашта соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи сабукрави "Опел" Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки канори роҳ меистод, бархурдааст”,-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати Истарафшан, нафари дигаре, ки ба ҳалокат расид, сокини 35-солаи деҳаи Фирдавсии ҳамин шаҳр Ваҳҳобов Исроилҷон будааст. Манбаъ мегӯя, Ваҳҳобов ба ҳайси иқтисодчии хоҷагии ҷангали Шаҳристон кор мекард.

Ҳодисаи мазкурро як кормандии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳшаҳри Истаравшан низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард. 

Гуфта мешава Ваҳҳобзода Содиқҷон 12 декабри соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Истаравшан таъин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0