ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамае, ки ба марги як ронанда анҷом ёфт, рӯзи 13-уми октябри соли равон дар ноҳияи Муъминобод рух дод.
Тавре манбаъ қайд намудааст, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Муродов Хуршед Комилович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ғеш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” бархӯрда аст.
Сипас ронандаи мошини “Опел-Астра”, Муродов Хуршед ронандаи мошини боркаши “Камаз” Самадов Мустафо Нуралиевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Муъминободро, ки дар назди мошинаш истода буд, пахш намудааст.
“Дар натиҷа, ронандаи мошини боркаши “КАМАЗ” Самадов М.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Муродов Хуршед ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони ВКД Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.